Октябр 03, 2016 11:00 Asia/Dushanbe
  • Насруллоҳ: Ислом ба лутфи хуни имом Ҳусайн (а) боқӣ мондааст

Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон таъкид кард: Ислом ва тамомии мазоҳиби он ба лутфи хуни имом Ҳусайн алайҳиссалом боқӣ монда ва густариш ёфтаанд, дар ғайри ин сурат чизе аз ислом боқӣ намемонд.

Ба иттилои хабаргузории Меҳр, Саид Ҳасани Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон дар суханронии худ ба муносибати оғози Муҳаррам афзуд: Имом Ҳусайн алайҳиссалом то имрӯз боқӣ мондаанд ва аз ислом муҳофизат ва нодонон, ваҳшиҳо ва душманони паёмбарро расво мекунанд .

Дабири кулли Ҳизбуллоҳ ҳамчунин гуфт: ДИИШ ва гурӯҳҳои ҳамроҳаш, ки бо куштор, забҳ ва душномгуӣ дарсадади наздик шудан ба Худо ҳастанд, наводагони Муслим ибни Ақба (фармондеҳи ҳукумати Язид, ки пас аз ҳодисаи Ошӯро, ки мардуми Мадинаро қатли ом кард) ҳастанд .

Насруллоҳ таъкид кард: Имом Ҳусайн, алайҳиссалом ҳамчунон тавон ва қудрати наҳзатсозиро дорад дуруст ҳамонгуна, ки дар инқилоби исломии Эрон ва муқовимати исломӣ рух дод ва имрӯз низ ин қудратро дар мубориза бо тамомии гурӯҳҳои такфирӣ шоҳид ҳастем .

Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон ҳамчунин тасреҳ кард: Дар сурате, ки уммати исломӣ масъулиятҳои худро бар уҳда бигирад, пирӯзӣ муҳаққақ мешавад ва дар ин замона шоҳиди пирӯзии хун бар шамшер хоҳем буд .