Вазъияти печида дар Ироқ; сегонаи кабина, коронавирус ва Амрико
Дар ҳоле, ки ҳудуди 200 кишвари ҷаҳон даргири коронавирус ҳастанд ва муқобила бо ин вируси кушндаро пайгирӣ мекунанд, Ироқ бо сегонаи кабина, коронавирус ва Амрико мувоҷеҳ аст.
Ироқ акнун ду нахуствазир дорад, ки ҳеҷ кадом доимӣ нестанд. Одил Абдулмаҳдӣ аз якуми декабри 2019 то кунун нахуствазири пешбурди умур аст. Аднон Ал-Зурфӣ низ 17 март аз сӯи Барҳам Солеҳ, раисиҷумҳурӣ, мукаллаф ба ташкили кабинаи нав шуд, аммо Ал-Зурфӣ бо мухолифати зиёде аз сӯи гурӯҳҳои ироқӣ мувоҷеҳ аст.
Бархе гурӯҳҳои ироқӣ расман бо интиқод аз Барҳам Солеҳ дар муаррифии Аднон Ал-Зурфӣ муътақид ҳастанд, ки раисиҷумҳур муртакиби иқдоми ғайриқонунӣ шуда ва бояд бозхост шавад зеро мутобиқи қонуни асосӣ, фроксиюни аксарият бояд нахуствазири навро муаррифӣ кунад. Бо ин ҳол, Аёд Ал-Самовӣ, таҳлилгари сиёсии ироқӣ мӯътақид аст, ки раисиҷумҳур иқдоми ғайриқонунӣ анҷом надод чаро, ки бо таваҷҷуҳ ба нокомии гурӯҳҳои ироқӣ дар муаррифии нахуствазири нав, вай аз Додгоҳи олии федерал ҳаққи муаррифии нахуствазири навро ба даст овард ва тибқи модаи 94 Қонуни асосӣ низ тасмимоти Додгоҳи олии федерал барои ҳама илзомовар аст.
Бино барин, роҳкоре, ки барои гурӯҳҳои мухолифи Ал-Зурфӣ вуҷуд дорад, ин аст, ки битавонанд 165 намояндаи парлумонро бо худ барои мухолифат бо Ал-Зурфӣ ҳамроҳ кунанд то вай натавонад аз парлумон раъйи эътимод бигирад. Дар ҳамин росто низ гуфта мешавад, ки ҷараёнҳои Садр, Ал-Фатҳ, Ҳикмат ва Давлати қонун дар садади пайдо кардани ҷойгузине барои Ал-Зурфӣ ба унвони нахуствазир ҳастанд. Мавзеъгирии шаби гузаштаи Ал-Зурфӣ мабни бар ин ки аз симати худ истеъфо намекунад ва барои касби раъйи эътимод талош мекунад, нишон медиҳад, ки чолиши сиёсии ташкили кабина ба осонӣ барои Ироқ ҳал нахоҳад шуд ва муаррифии эҳтимолии кабина дар рӯзҳои оянда аз сӯи Ал-Зурфӣ заруратан поёни бунбасти сиёсии чаҳормоҳаи ахири ин кишвар нахоҳад буд.
Нуктаи дорои аҳамият ин аст, ки ихтилофҳо ва вогароии сиёсӣ ва вазнкашии гурӯҳҳо дар муқобили ҳам дар шароите шиддат пайдо кард, ки вируси муҳлики корона низ дар Ироқ шуюъ пайдо кард. Мутобиқи оморҳо, то кунун 820 нафар дар Ироқ ба коронавирус мубтало шуда ва 54 нафар низ фавт карданд. Пас аз Арабистон, Иморот ва Қатар, Ироқ бештарин мубталоён ба коронавирус дар миёни кишварҳои арабии минтақаи Ғарби Осиё дорад.
Вогароии сиёсӣ ва вазнкашии гурӯҳҳо дар муқобили ҳам мавзӯе аст, ки Амрико аз он баҳра гирифтааст. Амрико, ки аз 5 январи 2020 то кунун бо афзоиши фишори ироқиҳо барои хориҷ кардани низомиёнаш аз ин кишвар мувоҷеҳ аст, аз як сӯ ба тафриқаафканӣ алайҳи ироқиҳо ва аз сӯи дигар ба ҷанги равонӣ рӯй овардааст. Тафриқаафканӣ бо меҳварияти хуруҷи низомиёни амрикоӣ аз Ироқ ва ҷанги равонӣ низ бо меҳварияти таҳдидофаринӣ алайҳи Ҳашдушшъбӣ анҷом мешавад. Ҳар ду рӯйкарди Амрико низ як ҳадаф дорад ва он ҳам бақои дар Ироқ аст.
Амирико саъй дорад нишон диҳад, ки хуруҷи низомиёнаш аз Ироқ як мутолибаи миллӣ дар ин кишвар нест. Дар ҳамин ҳол, Амрико пас аз хориҷ кардани низомиёнаш аз се пойгоҳи Қоим дар Ал-Анбор, ал-Қаёра дар Найнаво ва К1 дар Каркук, имрӯз шанбе низ низомиёни худро аз пойгоҳи Ал-Ҳабония дар устони Ал-Анбор хориҷ мекунад. Ин ақибнишинӣ ба манзилаи хуруҷ аз Ироқ нест балки низомиёни амрикоӣ ба пойгоҳҳои бузург ва муҷаҳҳазе монанди Айн-Ал-Асад мунтақил мешаванд то камтар мавриди таҳдид қарор гиранд. Ин рӯйкарди Амрико низ ҳадафи он барои боқӣ мондан дар Ироқро нишон медиҳад.
Воқеият ин аст, ки боқӣ мондани низомиёни амрикоӣ дар Ироқ бар мизони чолишҳои дарунии ин кишвар меафзояд зеро бахши бузурге аз ҷомеаи ироқӣ бар хуруҷи Амрико аз кишварашон ва ҳифзи ҳокимияти Ироқ таъкид доранд. Ин таҳаввулот нишон медиҳад, ки вазъият дар Ироқ бори дигар печида шуда ва Амрико ва вобастагонаш дар Ироқ бозигари аслии ин печидагии таҳаввулот ҳастанд.