Коронавирус издивоҷ ва талоқро дар Дубай мамнӯъ кард
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i52483-Коронавирус_издивоҷ_ва_талоқро_дар_Дубай_мамнӯъ_кард
Додгоҳи хонавода дар Дубай, дар кишвари Амороти Муттаҳидаи Араб эълом кард, ки сабти асноди марбут ба талоқ ва издивоҷ дар ин аморат бо ҳадафи мубориза бо коронавирус ва ҳифзи саломати муроҷиакунандагон ва коркунон то иттилои баъдӣ мамнӯъ аст.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Апрел 08, 2020 08:51 Asia/Dushanbe
  • Коронавирус издивоҷ ва талоқро дар Дубай мамнӯъ кард

Додгоҳи хонавода дар Дубай, дар кишвари Амороти Муттаҳидаи Араб эълом кард, ки сабти асноди марбут ба талоқ ва издивоҷ дар ин аморат бо ҳадафи мубориза бо коронавирус ва ҳифзи саломати муроҷиакунандагон ва коркунон то иттилои баъдӣ мамнӯъ аст.

Холид Алҳавсанӣ, раиси додгоҳи хонавода дар Дубай гуфт: Мамнӯияти ин кор боиси таҷаммӯъ накардани афрод дар маросим ва ҷашнҳои марбут ба издивоҷ ва ё талоқ мешавад.

Тибқи эъломи расмии АМА, то кунун 2076 нафар дар ин кишвар ба коронавирус мубтало шудаанд, ки то кунун 11 нафар ҷони худро аз даст додаанд.