Апрел 11, 2020 21:19 Asia/Dushanbe
  • Баррасии пешниҳоди режими саҳюнистӣ барои мубодилаи асирон аз сӯи Ҳамос

Ҳамос пешниҳоди режими саҳюнистӣ барои мубодилаи асиронро баррасӣ мекунад.

Ба нақл аз ИСНО, Маҳмуд Ал-Заҳҳор- раҳбари барҷастаи Ҷунбиши Ҳамос гуфт: Ҷунбиши Ҳамос шартҳои худ ва номҳои асироне, ки назди онҳо барои озодӣ авлавият доранд, ба вижа асирони бемор ва солхурдаро мушаххас кардааст. Ал-Заҳҳор ҳамчунин тасреҳ кард: Ҳадафи Ҷунбиши Ҳамос асосан озодии асирон ба ҳар наҳве аст ва Ҳамос аз як давраи тӯлонӣ пайгири он будааст, ки муҳимтарини он дар соли 2011 дар ҷараёни муомилаи мубодила бо асирон (вафодорӣ ба озодагон) сурат гирифт.

Вай дар идома афзуд: Вазъияти асирони фаластинӣ дар зиндонҳои режими саҳюнистӣ бисёр хатарнок аст ва Ҳамос талоши худро барои озодии онҳо ду баробар кардааст.

Ин раҳбари Ҷунбиши Ҳамос зимни таъкид бар талош ва ҳамкорӣ барои озодии асирони фаластинӣ, гуфт: Ҷунбиши Ҳамос барои имзои як муомилаи мубодилаи мутавозин ба манзури таҳаққуқи аҳдоф ва хостаҳои худ талош мекунад ба гунае, ки режими ишғолгар дастоварде ба зарари асирони фаластинӣ ба даст наёваранд.

Ал-Заҳҳор ҳамчунин афзуд: Мо ҳаргиз намехоҳем, ки ин амр, талоше аз сӯи тарафҳои исроилӣ барои тасвияи ҳисоби шахсӣ ё баҳраҷӯӣ аз он дар мавзӯи ташкили давлати ҷадид бошад ва иҷоза нахоҳем дод, ки ин масъала ба як бозии сиёсӣ табдил шавад, ки Бенямин Натанияҳу, нахуствазири Исроил бихоҳад аз масъалаи асирони фаластинӣ барои тақвият ҷойгоҳи худ сӯистифода кунад.

Маҳмуд Ал-Заҳҳор таъкид кард, ки Ҷунбиш Ҳамос умедвор аст тарафи саҳюнистӣ барои анҷоми мубодилаи асирон ҷиддият дошта бошад.