Апрел 12, 2020 13:24 Asia/Dushanbe
  • Санъо: Тааҳҳудоти оташбаси воқеӣ дар Яман бояд ошкоро ва имзошуда бошад

Шуроии олии сиёсии Яман бар эҳтимоми худ ба эҷоди сулҳу субот дар Яман таъкид кард.

Ба нақл аз Форс, Муҳаммадалӣ Алҳусӣ, узви Шурои олии сиёсӣ дар Яман гуфт: Мо дар посух ба дархости Мортин Грифитс- фиристодаи Созмони Миллал барои пазириши оташбас бар эҳтимоми худ ба эҷоди сулҳ дар Яман таъкид кардем.

Ӯ афзуд: Мо ба фиристодаи Созмони Миллал таъкид кардем, ки нишасте, ки ӯ дар ҳоли ҳозир барои он омодагӣ мебинад бояд дар он тааҳҳудоти оташбас ба имзо бирасад ва расман эълом шавад.

Эътилофи саудӣ дар шароити пирӯзиҳои хиракунандаи артиш ва кумитаҳои мардумии Яман дар устони Маъраби ин кишвар дар иқдоме ғофилгирона аз оташбаси якҷониба дар Яман хабар дод ва гуфт, ки ба дархости Созмони Миллал барои басиҷи талошҳо дар заминаи мубориза бо корона хоҳони таваққуфи даргириҳо дар Яман аст.

Аммо эътилофи саудӣ аз ҳамон оғозин соатҳои шуруи оташбас бо азсаргирии ҳамалоти ҳавоӣ ва заминии худ дар Яман, дурӯғин будани иддаои худро нишон дод. Давлати Санъо ҳам пазириши ҳаргуна оташбасе дар Яманро ба шарти таҳаққуқи шартҳои он ва аз ҷумлаи рафъи муҳосираи ҳамаҷонибаи Яман донист.