291 нафар теъдоди мубталоён ба корона дар Фаластин
Апрел 15, 2020 18:35 Asia/Dushanbe
Теъдоди мубталоён ба корона дар Фаластин ба 291 тан расид.
Вазорати беҳдошти Фаластин аз мубтало шудани се нафари дигар ба корона хабар дод, ки ба ин тартиб теъдоди мубталоён ба 291 нафар расид.
Ба гузориши ИСНА, вазири беҳдошти Фаластин эълом кард, се мавриди ҷадиди ибтило ба корона таъйид шудааст, ки бо ин теъдоди теъдод мубталоён ба 291 нафар расидааст. Аз маҷмӯи мубталоён 13 нафар аз навори Ғазза ва бақия аз Каронаи Бохтарӣ ҳастанд.
Вай афзуд: “Ин омор шомили Қудси шарқӣ нест, зеро Исроил иҷозаи фаъолияти мо дар онҷоро намедиҳад. Оморҳои мо нишон медиҳанд 78 фаластинӣ дар онҷо мубтало шудаанд”.