Апрел 18, 2020 18:41 Asia/Dushanbe
  • Вуруди пинҳонии неруҳои амрикоӣ ба пойгоҳи низомии Алҷазра дар Сурия

Гурӯҳи мавсум ба Дидбони ҳуқуқи башари Сурия аз вуруди фишурда ва пинҳонии неруҳои амрикоӣ ба пойгоҳи низомии Алҷазра дар атрофи шаҳри Ал-Раққаи Сурия хабар дод.

Ба нақл аз Форс, пойгоҳи низомии Алҷазра аз бузургтарин пойгоҳҳои эътилофи байналмиллалӣ будааст, ки акнун ниманизомиёни курд дар он ҳузур доранд.

Манобеи мувассақе ба Дидбон гузориш карданд, ки неруҳои амрикоӣ дар чанд рӯзи гузашта ба сурати фишурда ба ин пойгоҳ рафтуо доштаанд.

Дидбон ҳамчунин муддаӣ шуд, ки эҳтимоли ин вуҷуд дорад, ки неруҳои амрикоӣ барои тасбити нуфузи худ дар шарқи Ал-Фурот дубора дар ин пойгоҳ мустақар шаванд.

Манобеи вобаста ба Дидбон гузориш карданд, ки садҳо тан аз аносури Қасд ба пойгоҳҳои Амрико дар Диру-Зур ва Ал-Ҳасака пайвастаанд.

Дар ҳамин иртибот, хабаргузории Спутник низ гузориш кард: Неруҳои амрикоӣ бо додани ҳуқуқи моҳиёна ба ниманизомиёни Қасд ба онҳо омӯзиши низомӣ медиҳанд