Апрел 21, 2020 10:03 Asia/Dushanbe
  • Муқобилаи дифои ҳавоии Сурия бо таҷовузи ҳавоии Исроил

Дифои ҳавоии Сурия бо таҷовузи Исроил ба осмони Тадмур муқобила кард.

Дифои ҳавоии Сурия бомдоди сешанбе бо таҷовузи режими саҳюнистӣ ба осмони Тадмур муқобила ва теъдоде аз аҳдофи мутахосимро сарнагун кард.  

Ба нақл аз Форс, як манбаи низомӣ низ ба Рошотудэй гуфт, ки чандин нуқтаи артиши Сурия дар Ал-Сухна, Ал-Омирия ва Ал-Талила дар атрофи Тадмур ҳадаф қарор гирифтанд ва бар асоси гузориши шабакаи хабарии Ал-Маёдин  дифои ҳавоии Сурия ин ҳамалотро ноком гузошт.

Як хабарнигори Журнолизм Пост, низ гузориш дод, ки ҳадафи ин ҳамла пойгоҳи низомии Тиёс  вобаста ба артиши Сурия буда, ки бо номи «T-4» шинохта мешавад.

Ду ҳафтаи пеш низ дифои ҳавоии Сурия бо ҳамлаи мушакии режими саҳюнистӣ ба ҳарими вилояти Ҳумс муқобила карданд.