Тамдиди баста мондани дарҳои ҳарамайни шарифайн
Арабистон манъи хондани намоз дар ҳарамайни шарифайнро тамдид кард.
Давлати Арабистон манъи хондани намозҳои панҷгона ва намози таровеҳ дар ҳарами шарифи Макка ва дар Масҷидуннабӣ дар Мадинаи мунаввараро дар тӯли моҳи мубораки Рамазон тамдид кард.
Ба нақл аз Форс, мақомоти Арабистон аз идомаи таълиқи хондани намозҳои панҷгона ва намози таровеҳ дар ҳарамайни шарифайн дар Маккаи мукаррама ва Мадинаи мунаввара дар тӯли моҳи мубораки Рамазон ба далели шуйюи корона хабар дод.
Раёсати умури ҳарамайни шарифайн дар Арабистон аз тариқи ҳисоби корбарии худ дар Твиттер эълом кард: Мақомоти Арабистон дар ростои тадбирҳои пешгирона, эътикоф дар Масҷидулҳаром дар Маккаи мукаррама ва Масҷидуннабӣ дар Мадинаи мунаввараро дар тӯли моҳи мубораки Рамазон имсол ба ҳоли таълиқ даровардааст.
Абдураҳмон Ал-Садис- раиси кулли раёсати умури ҳарамайни шарифайн гуфт, ки Салмон бин Абдулазиз- шоҳи саудӣ ва Муҳаммад бин Салмон- валиъаҳди ӯ вазъият дар Масҷидулҳаром ва Масҷидуннабиро пайгирӣ карда ва бар тадбирҳои пешгирона дар онҷо назорат доранд.
Арабистон то рӯзи душанбе теъдоди 10 ҳазору 484 мавриди мубтало ба коронаро сабт карда ва гуфта аз ин миён 103 нафар ҷон бохтанд.