Апрел 25, 2020 10:11 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши

Узви Шӯрои сиёсии "Насруллоҳ"-и Яман ба тамдиди оташбаси якҷониба аз сӯи эътилофи саудӣ вокуниш нишон дод.

Ба нақл аз Авеста, Муҳаммад Алӣ Алҳувсӣ, узви Шӯрои олии сиёсии "Насруллоҳ"-и Яман дар вокуниш ба тамдиди оташбаси якҷониба аз сӯи эътилофи саудӣ гуфт: Мо мунтазири амали мустақим ҳастем, на ҳарф.

Ҳафтаи гузашта, бо ин, ки эътилофи саудӣ оташбас эълом карда буд, аммо шоҳиди афзоиши ҳамалот ва амалиётҳои низомӣ дар тамомии меҳварҳо будем.

Эътилофи мутаҷовизи саудӣ  аз тамдиди оташбас дар Яман барои як моҳи дигар хабар дод.

 Туркӣ Алмоликӣ, сухангӯи эътилофи саудӣ гуфт: Фурсат ҳамчунон барои дастёбӣ ба як роҳи ҳалли сиёсӣ барои ҳаллу фасли бӯҳрони Яман вуҷуд дорад.