Апрел 28, 2020 11:27 Asia/Dushanbe
  • Таҳдиди хатиби Масҷидулақсо аз сӯи Созмони иттилооти режими саҳюнистӣ

Созмони иттилооти режими саҳюнистӣ хатиби Масҷидулақсоро таҳдид кард.

Созмони ҷосусии режими саҳюнистӣ баъд аз ҳамла ба манзили хатиби Масҷидулақсо дар Қудси шарқии ишғолӣ, ӯро таҳдид кард

Ба нақл аз ИСНО, ин таҳдид баъд аз он матраҳ шуд, ки шайх Акрама Сабри дар зимн гуфта буд, дар сурати иҷозаи полиси Исроил ба шаҳракнишинон барои ҳамлаи дубора ба масҷид,  дарҳои Масҷидулақсоро боз хоҳад кард.

Шайх Акрама Сабри ба хабаргузории Анатолии Туркия гуфт: Неруҳои Созмони иттилооти Исроил ба манзилаш рафта ва ба ман иттилоъ доданд  дар сурати вуқӯи танише дар Масҷидулақсо шахсан масъул аст.

Вай афзуд: Ба онҳо гуфта таваққуфи истиқбол аз намозгузорон ба ҳеҷ ваҷҳ барои шаҳракнишинон наметавонад иҷозат бошад ва агар полиси Исроил Боб-ул-Мағориба ба сурати якҷониба ба рӯйи шаҳракнишинон боз кунад, ӯ низ тамоми дарҳои масҷидро ба рӯй намозгузорон боз мекунад.