Апрел 28, 2020 11:37 Asia/Dushanbe
  • Такзиби бозгушоии масҷидҳо дар Ғазза

Мақомоти Ғазза бозгушоии масҷидҳо дар авохири ҳафтаро такзиб карданд.

Вазорати уқоф дар Ғазза ахбори мунташиршуда дар расонаҳо дар хусуси бозгушоии масҷидҳо дар авохири ҳафтаро такзиб ва таъкид кард: Он чи аз он суҳбат ба миён омада, сирфан овоза буда ва сиҳат надорад.

Ба нақл аз ИСНО, Вазорати уқоф ва умури динӣ дар Ғазза эълом кард, ки талош мекунад байни анҷоми фаризаҳо ва ибодатҳо ва ҳифзи ҷони афрод  дар сояи таҳдиди вируси корона тавозун барқарор кунад.

Вазорати уқофи Ғазза эълом кард: Аз дархостҳои бисёр барои боз кардани масҷидҳо ба вижа баъд аз тасмими боз кардани ресторанҳо бохабар гаштаем, аммо аз мардум мехоҳем, ки ҳассосияти шароитро дарк кунанд.