Афзоиши шумори қурбониёни инфиҷор дар устони Ҳалаби Сурия
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i53153
Омори қурбониёни инфиҷор дар маркази шаҳри Афррин дар Ҳуммаи Ҳалаби Сурия ба 46 кушта ва даҳҳо захмӣ расид.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Апрел 29, 2020 10:19 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши шумори қурбониёни инфиҷор дар устони Ҳалаби Сурия

Омори қурбониёни инфиҷор дар маркази шаҳри Афррин дар Ҳуммаи Ҳалаби Сурия ба 46 кушта ва даҳҳо захмӣ расид.

Ба нақл аз шабакаи телевезионии Эско Нюзи арабӣ, омори қурбониёни инфиҷор дар маркази шаҳри  Афррин дар Ҳуммаи Ҳалаб ба 46 кушта расид.

Ин инфиҷор даҳҳо захмӣ барҷо гузошт.

Бархе манбаъҳо таъкид карданд як бушкаи сухт дар наздики бозори пуртарадуд дар маркази Афррин сабаб шуд ва қурбониёни инфиҷор низ ғайри низомиён ҳастанд.

Ҳануз далели ин инфиҷор мушахас нашуда ва то кунун ҳеҷ гуруҳе масулияти онро бар уҳда нагирифтааст.