Вуруди корвони низомии ҷадиди Амрико ба Алмоликияи Сурия
Май 01, 2020 21:26 Asia/Dushanbe
Манобеи хабарӣ аз вуруди корвони низомии ҷадиди Амрико ба Алмоликия, дар наздикии Ҳасакаи Сурия хабар доданд.
Ба гузориши Исно, Амрико корвони низомии ҷадидеро ба шаҳри Алмоликия дар Ҳасака фиристод.
Тибқи ин гузориш, ин корвони низомӣ шомили 12 худрави зиреҳӣ ва таҷҳизоти низомӣ ва лаҷистикӣ аст.
Хабаргузории Сурия дар идома эълом кард, ки ин корвон аз тариқи гузаргоҳи ғайриқонунии Алвалид вориди шаҳри Алмоликия шуд.
Дидабони ҳуқуқи башари Сурия низ ахиран эълом кард, ки 70 комюн ҳомили таҷҳизоти низомӣ ва лаҷистикӣ аз сӯи Амрико барои нерӯҳои Сурияи демократӣ дар шимоли шарқи ин кишвар ирсол шуд.