Май 05, 2020 12:03 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши дифои ҳавоии Сурия ба ҳамлаи режими саҳюнистӣ дар осмони Ҳалаб

Шабакаи хабарии Ал-Олам аз вокуниши дифои ҳавоии артиши Сурия ба ҳамалоти ҳавоии режими саҳюнистӣ дар осмони Ҳалаб хабар дод.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз ИСНО, дифои ҳавоии Сурия соати 22:38 (ба вақти маҳаллӣ) бо таҷовузи ҳавоӣ ба маркази мутолиоти илмӣ ва корхонаҳои Ал-Дифоъ дар Рифи Ҳалаб муқобила кард.

Хабаргузории расмии Сурия (САНА) ҳам эълом кард, ки дифои ҳавоии ин кишвар бо аҳдофи мутаҷовиз дар осмони Ҳалаб муқобила кард ва дар пайи ин ҳамла садои се таркиш дар шаҳраки илмӣ-пажуҳишии Ҳалаб ба гӯш расид.

Бар асоси гузориши расонаҳои Сурия, ҳадафи ин ҳамла маркази таҳқиқоти Ал-Сафира дар Рифи Ҳалаби шарқӣ будааст.

Бомдоди душанбеи гузашта низ падофанди артиши Сурия бо мушакҳои партобшуда аз сӯи режими саҳюнистӣ  муқобила карда ва теъдоде аз онҳоро соқит кард.