Афзоиши интиқоди яманиҳо аз Арабистони Саудӣ
Иттифоқоти ҷануби Яман ва ҳамчунин идомаи ҷанг ва афзоиши буҳрони инсонӣ сабаби интиқоди ҳамзамони давлати мустаъфӣ ва давлати наҷоти миллии Яман аз Арабистони Саудӣ шуд.
Арабистони Саудӣ дар Яман дучори мушкилоти чандҷониба шудааст. Ҷанг бо гузашт 5 сол хотима пайдо накарда ва мавқеияти Арабистон дар ҷанг шадидан мутазалзил шуд. Артиш ва кумитаҳои мардумии Яман қудрати падофандӣ ва паҳподии худро афзоиш дода ва ба таҳдиде ҷиддӣ барои Арабистон дар идомаи ҷанг табдил шуд.
Аз сӯи дигар, ихтилофҳои даруни эътилофӣ низ шиддат пайдо карда ва натанҳо Абудабӣ ва Риёз, балки Шӯрои интиқолӣ ва давлати мустаъфии Мансур Ҳодӣ низ дар ҷануби Яман ихтилофҳои ҷиддӣ доранд. Тавре, ки шӯрои интиқолӣ эъломи худмухторӣ кард ва як рақиби ҷиддӣ барои давлати мустаъфии Яман маҳсуб мешавад.
Бар ин асос, интиқодҳо аз Арабистони Саудӣ аз сӯи давлати наҷоти миллӣ ва бархе аз мақомоти давлати мустаъфии Яман афзоиш пайдо кард.
Интиқодҳои мақомоти давлати наҷоти миллӣ аз рафторҳои Арабистон чандҷониба аст. Аз як сӯ, идомаи ҷанг ва пойбанд набудани оли Сауд ба оташбаси иддаоӣ ва аз сӯи дигар, идомаи тахриби зерсохтҳо ва шиддат гирифтани фоҷеаи инсонӣ бо интиқоди мақомоти давлати наҷоти миллии Яман мувоҷеҳ шуд.
Дар ҳамин росто, Сайид Иброҳим Аддайлами, сафири Яман дар Теҳрон дар гуфтугӯ бо хабаргузории “Эрон Пресс” унвон кард, ки Риёз ба далели таъсир пазируфтани шароити дохилиаш аз шикаст дар ҷанг алайҳи Яман, аз ҷумла таъсири ҷанг бар мавқеияти Арабистон дар Яман ва ҳамчунин таъсири ҷанг бар мавқеияти Бин Салмон барои расидан ба курсии подшоҳӣ, иродаи ҷиддӣ барои поён додан ба ин ҷанг надорад.
Ҷанги Арабистон алайҳи Яман сабаби тахриби беш аз 80 дарсад аз зерсохтҳои Яман ва вуқӯи як фоҷеаи инсонӣ, ба хусус дар буъди беҳдоштӣ ва тағзия дар ин кишвар, ки дар асари сиёсатҳои беш аз ду даҳаи Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ, дар зумраи фақиртарин кишварҳои арабӣ аст, шудааст.
Беш аз 22 миллион нафар аз ҷамъияти 24 миллионии Яман дар асари ҷанги эътилофи Саудӣ ба кумакҳои башардӯстона ниёз доранд.
Аддайламӣ дар ин хусус низ гуфт, ки осору паёмадҳои ҷанг дар бахшҳои мухталифи иқтисодӣ, маишатӣ ва беҳдоштӣ фоҷеабор будааст.
Ҳамзамон бо интиқодҳои давлати наҷоти миллӣ, бархе аз мақомоти давлати мустаъфии Яман низ бори дигар ба ҷамъи мунтақидони оли Сауд пайваста ва рафтори Арабистони Саудиро мусаббиби қудрат гирифтани шӯрои интиқолӣ дар ҷануби Яман медонанд.
Шӯрои интиқолии ҷануб моҳи гузаштаи мелодӣ бо муттаҳам кардани давлати мустаъфии Мансур Ҳодӣ ба нокоромадӣ ва суимудирият, дар Адан эъломи худмухторӣ кард.
Аҳмад Алмусайри, муовини нахуствазир ва вазири кишвари давлати мустаъфии Яман бар ин бовар аст, ки сукути Риёз дар қиболи рафторҳои шӯрои интиқолӣ дар Адан, ки таҳти ҳимояти Иморот анҷом мешавад, омили муҳиме дар рафторҳои ахири ин шӯро аст.
Дар ҳамин ҳол, Алмусайрӣ гуфт, ки Арабистон қабл аз моҳи Рамазон аз Мансур Ҳодӣ хост, вуруди артиш ба Аданро ба таъхир андозад. Он замон Мансур Ҳодӣ бо ин кор мувофиқ набуд, аммо таслими хостаи Арабистон шуд.
Дар воқеъ, муовини нахуствазир ва вазири кишвари давлати мустаъфии Яман бар ин бовар аст, ки Арабистон дар эъломи худмухтории шӯрои интиқолӣ ҳамдасти Иморот буда ва ба навъе ба Абудаби имтиёз додааст.
Маҷмӯи ин шароит нишон медиҳад, ки идомаи ҷанг алайҳи Яман натанҳо ба нафъи Арабистони Саудӣ нест, балки сабаб мешавад мушкилоти дохилӣ ва минтақаии оли Сауд афзоиш ёбад.