Ифшои "сиёсати арра"-и эътилофи саудӣ дар Яман
"Сиёсати арра"-и эътилофи саудӣ дар Яман ифшо шуд.
Масъули Конгираи Яман дар мусоҳиба бо Алҷазира дар бораи иқдоми Шурои интиқолии ҷануб дар эъломи худмухторӣ дар ҳоле, ки аррае дар даст гирифта буд, гуфт: Ҳамаи мо дар дохил ва хориҷи Яман медонем, ки Арабистон дар Яман ҳусни ният надорад.
Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз ИСНО, Ёсир Алимони, масъули Конгираи Яман дар мусоҳиба бо ин шабака таъкид кард: Эътилофи саудӣ- иморотӣ иддао карда амалиёти онҳо барои Яман ва алайҳи шуриш ва ҳамлаҳо аст, аммо ин эътилоф дар воқеъ аз "сиёсати арра" истифода кардааст. Ба гуфтаи ин мақоми Конгираи Яман, Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди саудӣ ва Муҳаммад бин Зоид, валиаҳди Абузаби аз сиёсати ин арра истифода мекунанд. Ҳамонтавр, ки Ҷамол Хошуқҷиро бо арра тикка тикка карданд мехоҳанд Ҷумҳурии Яманро тикка тикка кунанд. Вай хотирнишон кард: Миллати Яман дар вилоятҳои ҷануб, ки дар контроли эътилофи саудӣ- иморотӣ қарор доранд бо наслкушӣ, беморӣ, куштор ва муҳосира рӯбарӯ ҳастанд.
Аз сӯи дигар, иттилооти ба даст омада аз вилояти Абян аз он ҳикоят дорад, ки дар чорчуби таҷҳизи неруҳои Абду-раббиҳи Мансур Ҳодӣ, раиси ҷумҳури истеъфододаи Яман ва ҳимоят аз онҳо ҷиҳати омодагӣ барои оғози ҳамла ба Адан, таҷҳизоти низомии нави Арабистон ба шаҳри Шуқра дар шарқи шаҳри Занҷбор расиданд.