Май 11, 2020 13:27 Asia/Dushanbe
  • Паёмадҳои густариши коронавирус барои шаҳрвандони саудӣ

Арабистони саудӣ дар пайи шиддат ёфтани мушкилоти иқтисодӣ, андоз аз арзиши иловашударо афзоиш медиҳад ва пардохти ҳазинаи маишатиро мутаваққиф хоҳад кард.

Ба гузориш радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Рейтерз, Муҳаммад Ал-Ҷадъон- вазири дороии Арабистони саудӣ имрӯз душанбе эълом кард ба манзури муқобила бо паёмадҳои шуйюи бемории КОВИД-19 ва коҳиши баҳои ҷаҳонии нафт, ин кишвар қасд дорад пардохти кумакҳазина ба шаҳрвандонашро мутаваққиф кунад ва андоз аз фоида бар фуруши колоро се баробар афзоиш диҳад.

Бар ин асос, пардохти кумакҳазина аз аввали июн мутаваққиф хоҳад шуд.

Андоз аз фоида бар фуруши коло низ аз аввали июл аз 5 дарсад ба 15 дарсад афзоиш хоҳад ёфт.

Давлати саудӣ ҳафтаи гузашта низ эълом кард: Барои муқобила бо шароити сахти шуйюи коронавирус ва шиддат гирифтани буҳрони иқтисодӣ дар Арабистон, ҳуқуқи коркунони бахши хусусӣ дар ин кишварро ба мизони 40 дарсад коҳиш медиҳад.