Сафари Пампео ба Фаластини ишғолӣ бо аҳдофи чандгона
Равобити Амрико ва Исроил дар давраи раёсати ҷумҳурии Доналд Трамп ба таври бесобиқае густариш ёфта ва давлати Трамп мавозеъ ва иқдомоти мутааддиде дар ростои хостаҳои ғайриқонунии режими саҳюнистӣ бардоштааст.
Бо вуҷуди шуюи куруно ва маҳдуд шудани сафарҳои мақомоти амрикоӣ, аммо Майк Пампео, вазири умури хориҷаи Амрико аз субҳи чаҳоршанбе сафари якрӯзаро ба Фаластини ишғолӣ бо аҳдофи мухталиф оғоз кардааст. Вазорати умури хориҷаи Амрико аҳдофи сафари Пампео ба Исроилро дар се меҳвари талоши Вашингтон ва Телавив барои мубориза бо ковид -19, баррасии фаъолиятҳои Эрон дар минтақа ва тасмими якҷонибаи кобинаи режими саҳюнистӣ барои илҳоқи бахшҳое аз Каронаи бохтарӣ унвон карда, аммо ба назар мерасад Вашингтон дар чорчӯби пайгирии ҳар се ҳадаф акнун талошҳои ҷиддӣ барои касби ризояти Исроил сурат медиҳад. Давлати Трамп акнун бо ҳаҷми болои интиқодоти расонаҳо ва конгресс ба далели нокоромадӣ дар муқобила бо куруно мувоҷеҳ аст ва дар соли интихобот, Доналд Трамп ниёзманди ҳимояти лобиҳои саҳюнистӣ, ба вижа ОПЕК аст. Бо таваҷҷуҳ ба ин мулоҳизот интизор меравад, ки Пампео мавозее комилан ҳамсӯ бо мавозеи мадди назари режими саҳюнистӣ дар қиболи ин масоил иттихоз намояд. Вай дар мусоҳибае қабл аз оғози ин сафар таъкид кард, ки таҳдидҳои Эрон ва боздоштани Теҳрон аз дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ яке аз мавзӯҳои аслии дидори ӯ бо сарони Исроил аст.
Режими саҳюнистӣ ҳамвора хоҳони ташдиди бархурди Амрико бо Эрон буда ва дар ин росто борҳо мақомоти ин режим, ба вижа Бенёмин Натанёҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ муддаии талошҳои пинҳонии Эрон барои дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ шуда ва бар лузуми ташдиди фишорҳо алайҳи Эрон бо афзоиши таҳримҳо ва низ зарурати лағви БарҶом таъкид варзидаанд. Дар айни ҳол давлати Трамп низ дар ростои хостаи саҳюнистҳо бо иттихози сиёсати фишори ҳаддиаксарӣ алайҳи Эрон бар хусумат бо миллати Эрон таъкид варзида ва хоҳони қабули шурути 12 гонаи Пампео, аз ҷумла таваққуфи комили барномаи ҳастаӣ ва мушакӣ ва низ тағйири сиёсатҳои минтақаии Эрон шудааст. Пампео гуфт, Трамп ду чизро ба равшанӣ мушаххас кардааст. “Яке ин ки корзори фишори ҳаддиаксарӣ то замоне, ки режими Эрон мутобиқ бо ҳинҷорҳои байналмилалӣ (монанди як кишвари нурмол) рафтор накунад, побарҷо хоҳад монд ва дигар ин ки иҷоза нахоҳем дод то режими Эрон ба силоҳи ҳастаӣ даст пайдо кунад”.
Бо ин ҳол мавзеъгириҳои Эрон дар қиболи иқдомоти хасмонаи Амрико ва режими саҳюнистӣ нишон медиҳад, ки Теҳрон на фақат бар сулҳомез будани фаъолиятҳои ҳастаии худ таъкид мекунад, балки қотеона дар баробари ҳар гуна иқдоми хасмонае, ки амнияти миллии Эронро таҳдид кунад, вокуниши муассир ва ҷиддӣ нишон хоҳад дод.
Масъалаи дигаре, ки дар сафари Пампео мавриди баҳс қарор мегирад, талоши режими саҳюнистӣ барои инзимоми бахши муҳиме аз Каронаи бохтарӣ ба Фаластини ишғолӣ аст, ки саҳюнистҳо муддаӣ ҳастанд, дар тобистони 2020 онро амалӣ хоҳанд кард. Пампео дар хусуси тасмими режими саҳюнистӣ барои илҳоқи арозии бештар дар Каронаи бохтарӣ ба манотиқи ишғолӣ гуфт, ки дар ин замина гуфтугӯҳое бо Натанёҳу ва Гонтс хоҳад шуд, аммо ҳамон гуна, ки дар гузашта гуфтаам ин тасмиме аст, ки дар ниҳоят Исроил бояд бигирад.
Дар воқеъ, Вашингтон ба рағми огоҳӣ аз ин ки тибқи қатъномаҳои Созмони Милал, Исроил бояд аз ин манотиқ ақибнишинӣ намояд, аммо бар хилофи мавозини байналмилалӣ аз ин тасмими режими саҳюнистӣ ҳимоят мекунад. Набил Абурадина, сухангӯи Маҳмуд Аббос, раиси Ташкилоти худгардони Фаластин гуфт, ин ки Девид Фридман, сафири Амрико гуфта, ки илҳоқи бахшҳое аз Каронаи бохтарии рӯди Урдун ба қаламрави режими саҳюнистӣ тасмими исроилӣ аст, мардуд ва кизб аст. Зеро ин тасмим бар асоси “муомилаи қарн”-и Амрико ва нақшаҳои ин кишвар алайҳи Фаластин гирифта шудааст. Барои Трамп ҳимоят аз фароянди илҳоқи якҷонибаи 30 дарсад аз Каронаи бохтарии рӯди Урдун тавассути Исроил, ки чароғи сабзи он дар тарҳи муомилаи қарн ба Телавив дода шуд, ба масобаи иқдоме дар ростои мавозеи қаблии вай дар ҳимояти ҳамаҷониба аз Исроил буда ва дар айни ҳол ба заъми вай метавонад ҳимояти ҳамаҷонибаи лобиҳои саҳюнистӣ аз вайро дар интихоботи раёсати ҷумҳурии ноябри 2020 тазмин намояд.
Трамп медонад, ки ҳар гуна талоши режими саҳюнистӣ ба манзури илҳоқи бахше аз Каронаи бохтарӣ ба сарзаминҳои ишғолӣ ба ҳимояти сиёсӣ ва таъйиди дипломатии Амрико ниёз дорад. Бо ин ҳол ин иқдоми Вашингтон бо мухолифатҳои шадид ва ҳамаҷонибаи байналмилалӣ, ҳатто аз ҷониби муттаҳидони аврупоии Амрико мувоҷеҳ шудааст.