Май 18, 2020 14:19 Asia/Dushanbe
  • Тасвири ҳавлнок аз вазъияти густариши коронавирус дар Яман+акс

Расонаҳо тасвири тарснокеро аз густариши коронавирус дар Яман мунташир кардаанд, ки нишон медиҳад қабрҳои зиёде, ки барои қурбониён омода шуда буд дар 48 соат пур шудааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи шабакаи хабарии Ал-Олам, ин қабрҳо дар яке аз минтақаҳои ҷануби Яман барои дафни ҷонбохтагони бемории КОВИД-19 омода шуда буд.

Imageقبرهای زیادی که برای قربانیان کرونا در یمن آماده شده بود در 48 ساعت پر شدCaption

Тоҳо Алмутаваккил- вазири беҳдошти Яман моҳи апрели гузашта ҳушдор дода буд дар сурати густариши коронавирус дар Яман эҳтимол дорад 90 дарсади мардум ба он олуда шаванд ва 500 ҳазор нафар фавт кунанд.

Вазири беҳдошти Яман ҳамчунин гуфта буд дар бемористонҳои кишвараш танҳо якҳазору 500 кат вуҷуд дорад дар ҳоле, ки дар сурати шуйюи КОВИД-19 ҳаддиақал як миллион нафар ба бистарӣ шудан ниёз хоҳанд дошт.

Ҷанге, ки Арабистон ва ҳампаймононаш аз марти соли 2015 бо ҳадафи мудохилаи сиёсӣ ба нафъи раиси ҷумҳури фирории Яман дар ин кишвар ба роҳ андохтаанд то кунун ҷони даҳҳо ҳазор нафарро гирифта, беш аз се миллион нафарро овора карда ва садамаи бузурге ба зерсохтҳои Яман аз ҷумла бемористонҳо ва дармонгоҳ задааст.

Барчасп