Май 19, 2020 10:54 Asia/Dushanbe
  • Таҳримҳои Амрико монеи таъмини саломати шаҳрвандони сурӣ

Вазири беҳдошти Сурия гуфт: Таҳримҳои Амрико ба системи хадамоти пизишкӣ ва дармонии Сурия хисоратҳои ҷуброннопазире ворид мекунад.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз ИСНО, Низор Ёзҷи, вазири беҳдошти Сурия зимни якҷониба, золимона ва ноодилона хондани таҳримҳои Амрико гуфт, ки ин таҳримҳо ба системи хадамоти пизишкӣ ва дармонии Сурия махсусан дар даврони бозсозиҳои пас аз ҷанг хисоратҳои ҷуброннопазире ворид мекунад ва ҳамчунин хостори бекор кардани онҳо шуд.

Низор Ёзҷи, вазири беҳдошти Сурия эълом кард, ки таҳримҳои иқтисодии якҷониба ва ноодилонаи ғарб монеи истифода аз бисёре аз зарфиятҳои асосӣ дар кишвар ба манзури бозсозиҳои пас аз ҷанг шудааст ба вижа системи хадамоти беҳдоштӣ ва дармонӣ он ҳам дар замони шуйюи коронавирус, ин кишварро бо мушкилоти бисёре рӯбарӯ кардааст.

Вай афзуд: Мо як бори дигар хостори рафъи ин таҳримҳои золимона ҳастем то битавонем саломат ва амнияти шаҳрвандони худро таъмин кунем. Вай ҳамчунин изофа кард, ки таҳримҳои якҷонибаи Амрико барои мо ба мисли муҳосираи ғайриинсонӣ ва иқдомоти хилофи ҳуқуқи башар амал хоҳад кард.