Май 19, 2020 17:23 Asia/Dushanbe
  • Дипломати Сурия

Сафири Сурия дар Русия ба шиддат аз таҳримҳои Амрико алайҳи кишвараш дар миёнаи шуюи вируси корона интиқод кард ва онро "терроризми пизишкӣ" хонд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, Риёз Ҳадод рӯзи душанбе дар як ҳамоиши маҷозӣ таъкид кард, ки таҳримҳои якҷонибаи Амрико алайҳи Сурия ғайриқонунӣ ва хилофи қонунҳои байналмилалӣ буда монеи муқобила бо вируси  корона  мешавад.

Сафири Сурия дар Маскав бо баёни инки, кишвараш барои мубориза барои корона ба дору ва таҷҳизоти пизишкӣ ниёз дорад, аз Созмони ҷаҳонии беҳдошт хост бо таҳримҳои ИМА мухолифат кунад.

Дар ҳафтаҳои ахир ба думболи шуйюи вируси корона дар ҷаҳон, мақомоти байналмилалӣ ва шуморе аз кишварҳо хостори лағви таҳримҳои якҷониба ва ғайриқонунии Амрико шуданд,ки саломатии мардумро дар кишварҳои таҳримшуда  ба хатар андохта, аммо Доналд Трамп Раиси Ҷумҳурии Америка токунун бо ин дархостҳо мухолифат кардааст.

Намояндагони Русия, Чин, Сурия, Куба, Кореяи Шимолӣ, Эрон, Никарагуа ва Венесуелла дар  Созмони Милали Муттаҳид чанде пеш дар номае ба Антонио Гуттереш дабири кулли ин созмон дар бораи зарурати рафъи таҳримҳои Амрико барои мубориза бо шуйюи корона, тазаккур доданд.