Ирсоли корвони логистикии Туркия ба манотиқи ишғолӣ дар Сурия
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i53909-Ирсоли_корвони_логистикии_Туркия_ба_манотиқи_ишғолӣ_дар_Сурия
Туркия як корвони логистикии дигар ба манотиқи ишғолӣ дар Сурия ирсол кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Май 23, 2020 14:42 Asia/Dushanbe
  • Ирсоли корвони логистикии Туркия ба манотиқи ишғолӣ дар Сурия

Туркия як корвони логистикии дигар ба манотиқи ишғолӣ дар Сурия ирсол кард.

Туркия 30 мошин ҳомили таҷҳизоти логистикӣ ба нуқтаҳои низомии ғайриқонунии худ, дар шимоли шарқи Сурия ирсол кардааст.

Ба нақл аз Форс, ин таҷҳизот аз тариқи гузаргоҳи ғайриқонунии "Алудвония" дар ғарби шаҳри Раъсулайн (Алҳасака, шимоли шарқи Сурия) вориди хоки Сурия шудааст.

Туркия дар 18 моҳи май низ барои тавсиаи нуқтаҳои низомии худ ва эҷоди девори ҳоил дар Раъсулъайн ба ин минтақа таҷҳизоти логистикӣ ирсол кардааст.