Май 26, 2020 12:00 Asia/Dushanbe
  • Захмӣ шудани ҷавони фаластинӣ аз сӯи низомиёни режими Исроил

Полиси режими саҳюнистӣ дар ҷануби Қудси ишғолӣ як ҷавони фаластиниро ба баҳонаи талош барои ҳамла бо парондани тир захмӣ кард.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз ИСНО, полиси режими саҳюнистӣ дар наздикии минтақаи Ҷабалулмубаккир воқеъ дар ҷануби Қудси ишғолӣ як ҷавони фаластинии 30 соларо ба баҳонаи талош барои ҳамла бо парондани тир ба шиддат захмӣ кард.

Полиси режими саҳюнистӣ эълом кард, ки дар ин ҳодиса ҳеҷ низомии исроилие осеб надидааст.

Аз сӯи дигар хабаргузории расмии Фаластин «Вафо» эълом кард, ки шаҳракнишинони яҳудӣ дар Каронаи Бохтарии ишғолӣ ду чупони фаластиниро бо парондани тир захмӣ карданд.