Май 26, 2020 17:35 Asia/Dushanbe
  • Тавқифи 20 киштии ҳомили маводи ғизоӣ дар Яман тавассути эътилофи Саудӣ

Эътилофи мутаҷовизи Саудӣ 20 киштии маводи ғизоӣ ва сухти Яманро дар тавқиф нигоҳ доштааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз шабакаи хабарии Ал-масир, масъулони бандари Ал-Ҳудайда дар ғарби Яман эълом карданд неруи дарёии эътилофи мутаҷовизи Саудӣ, беш аз 20 киштии ҳомили беш аз 500 ҳазор тонна сухт ва маводи ғизоиро дар бандари Ҷизони Арабистон ӣавқиф кардаакст. 

Амин Аш-Шаботӣ сухангӯи ширкати нафти Яман бештар эълом кард, бо вуҷуди шуюи вируси корона, эътилофи мутаҷовизи Саудӣ ҳамчунон ба дуздии киштиҳои ҳомили фаровардаҳои нафтӣ ва маводи ғизоӣ дар дарё идома медиҳанд.

Вай таъкид кард Созмони Милали Муттаҳид ва эътилофи мутаҷовизи Саудӣ масъули ҳар гуна қатъи хадамотрасонии асосӣ ва зарури ба миллати Яман дар даврони густариши корона ҳастандю

Созмони барномаи Ҷаҳонии Озуқаворӣ (WFP) ахиран эълом кард, ки 12 миллион яманӣ дар остонаи хатари қаҳтӣ қарор доранд.