Май 29, 2020 17:16 Asia/Dushanbe
  • Ирсоли дубораи таҷҳизоти низомии Туркия ба Сурия

Туркия даҳҳо дастгоҳи нафарбари низомӣ ба манотиқи ишғолии Сурия ирсол кард.

Туркия як корвони ҷадид, ҳомили таҷҳизоти низомӣ ва блокҳои сементиро аз гузаргоҳе дар шимоли Идлиб, шимоли ғарби Сурия вориди хоки Сурия кард.

Чанде пеш ҳам Туркия 30 комюн ва худрави ҳомили таҷҳизоти лаҷистикиро аз тариқи гузаргоҳи Алъудвония, дар ғарби шаҳри Раъсадъийн, дар устони Алҳасака, вориди хоки Сурия карда буд.

Артиши Туркия ба баҳонаи мубориза бо террористҳо, бахше аз манотиқи шимоли Сурияро ишғол карда ва гурӯҳе аз низомиёни Туркия ҳамчунон дар ин манотиқ ҳузур доранд.

Таҷовузи артиши Туркия ба шимоли Сурия бо маҳкумияти мардум ва давлати ин кишвар ва ҳамчунин ҷомеаи ҷаҳонӣ мувоҷеҳ шудааст.