Тавсиаи пойгоҳҳои низомии Русия дар Сурия
(last modified Sat, 30 May 2020 04:24:34 GMT )
Май 30, 2020 09:24 Asia/Dushanbe
  • Тавсиаи пойгоҳҳои низомии Русия дар Сурия

Русия қасди тавсиаи пойгоҳҳои низомӣ ва нуфузи дарёияш дар Сурияро дорад.

Владимир Путин ба Вазорати дифоъ ва Вазорати умури хориҷа дастур дода, бо Сурия бар сари интиқоли заминҳои бештар ва манотиқи дарёӣ ба артиши ин кишвар, музокира кунанд.

Ба нақл аз ИСНА, Владимир Путин, раисҷумҳури Русия бо пешниҳоди давлати кишвараш, дар заминаи имзои Протоколи шумораи №1 дар бораи "таҳвили амлоки ғайриманқул ва манотиқи дарёии бештар", тавофуқномаи мунъақидшуда дар моҳи августи 2015 байни Маскав ва Дамишқ, дар бораи истиқрори маҷмӯае аз таҷҳизоти нерӯи ҳавоии Русия дар Сурия мувафиқат кард.

Бар асоси дастури мунташиршуда, Путин Вазорати дифоъро маъмур кард, бо Вазорати хориҷа, ба ниёбат аз Русияи Федаралӣ, дар бораи анҷоми музокирот бо тарафи сурӣ ва имзои тавофуқномае дар сурати дастёбӣ ба тавофуқи дутарафа ҳамкорӣ кунад.