Май 30, 2020 09:49 Asia/Dushanbe
  • Шаҳодати дуввумин фаластинӣ дар тирандозии саҳюнистҳо

Як фаластинии дигар дар ҳамлаи низомиёни режими саҳюнистӣ ба рустое дар Каронаи бохтарӣ ба шаҳодат расид.

Юриши низомиёни артиши режими саҳюнистӣ ба рустои "Аннабӣ Солеҳ", дар шимоли Ромуллоҳ мунҷар ба шаҳодати як нафари дигар аз аҳолии ин русто шуд.

Вазорати беҳдошти Фаластин дар Каронаи бохтарӣ, асри ҷумъа,  шаҳодати ин фаластиниро тасдиқ ва эълом кард, ки ин шаҳид, ки бо шиллики низомиёни саҳюнист захмӣ шуда буд, бар асари шиддати ҷароҳат ба шаҳодат расид.

Рустои мазкур шоҳиди даргирӣ байни аҳолии ин русто бо низомиёни ишғолгар аст.