Шиносоии як гурӯҳи террористии вобаста ба ДОИШ дар Басраи Ироқ
(last modified Mon, 01 Jun 2020 04:53:06 GMT )
Июн 01, 2020 09:53 Asia/Dushanbe
  • Шиносоии як гурӯҳи террористии вобаста ба ДОИШ дар Басраи Ироқ

Мудири кулли маркази иттилоот ва мубориза бо терроризми Вазорати умури дохилаи Ироқ аз шиносоӣ ва боздошти аъзои як гурӯҳаки террористии вобаста ба ДОИШ дар Басра дар ҷануби ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши шабакаи  Сумирия-Ниюз, Абуалӣ Албасрӣ- мудири кулли маркази иттилоот ва мубориза бо терроризми Вазорати умури дохилаи Ироқ рӯзи якшанбе  эълом кард, бо шиносоӣ ва боздошти аъзои ин гурӯҳ чандин амалиёти  террористии барномарезишудаи аносури ДОИШ зидди неруҳои артиш ва Созмони басиҷи мардумии Ироқ (Ҳашдушшаъби) дар Басра хунсо шуд.

Бо вуҷуди шикасти гурӯҳи террористии ДОИШ дар Ироқ, ҳануз шуморе аз аъзои ин гурӯҳ  дар минтақаҳои мухталифи ин кишвар ҳузур доранд ва ба сурати пароканда иқдомоти  террористӣ анҷом медиҳанд.

Артиш ва неруҳои Ҳашдушшаъбии Ироқ то кунун амалиётҳои мутааддидеро барои поксозии минтақаҳои мухталифи ин кишвар аз ишғоли гурӯҳҳои террористӣ анҷом  додаанд, ки ин иқдомот ҳамчунон идома дорад.