Июн 07, 2020 09:11 Asia/Dushanbe
  • Таваққуфи тарҳи ишғоли Каронаи Бохтарӣ

Берни Сандерс: Тарҳи ишғоли Каронаи Бохтарӣ бояд мутаваққиф шавад.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз Форс, Сандерс дар паёми видеоӣ ба тазоҳуроти чандҳазор нафарии сокинони Тел-Авив алайҳи тарҳи ишғоли Каронаи Бохтарӣ, гуфт: Ман ба шиддат аз дидани теъдоди зиёде аз шумо, арабҳо ва яҳудиён, ки барои [дифоъ аз] сулҳ, адолат ва демокрасӣ қиём кардаед, дилгарм шудам.

Вай дар идома таъкид кард: Нақшаҳо барои ишғоли ҳар бахше аз Каронаи Бохтарӣ бояд мутаваққиф шавад. Ишғолгарӣ бояд поён ёбад ва мо бояд барои ояндае аз баробарӣ ва иззат барои фаластиниҳо ва исроилиҳо ҳамкорӣ кунем.

Ин сенатори амрикоӣ хитоб ба мухолифони тарҳи ишғоли Каронаи Бохтарӣ изҳор дошт: Танҳо оянда, ояндае муштарак аст. Мо онро боҳам хоҳем сохт. Ман дар иттиҳод ва ҳамбастагӣ бо шумо ҳастам.