Июн 07, 2020 09:47 Asia/Dushanbe
  • Тазоҳуроти чандҳазор нафарӣ дар Тел-Авив алайҳи тарҳи ишғоли Каронаи Бохтарӣ

Чандҳазор нафар аз сокинони Тел-Авив алайҳи тарҳи нахуствазири режими саҳюнистӣ барои ишғоли бахшҳои бузурге аз Каронаи Бохтарӣ тазоҳурот карданд.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз Форс, Бенямин Натанияҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ дар бораи иҷрои тарҳи ишғоли си дарсад аз заминҳои хусусии фаластиниён дар Каронаи Бохтарӣ аз моҳи оянда, боис шуд ҳазорон нафар аз сокинони Тел-Авив дар эътироз ба ин тарҳ аз асри шанбе то бомдоди якшанбе ба хиёбонҳои маркази ин шаҳр биёянд.

Полис ва неруҳои амниятии режими саҳюнистие, ки рӯзи ҷумъа баъд аз дидор бо созмондиҳандагони ин эътирозот ва гирифтани қавл бар асоси маҳдуд будани теъдоди афрод ба дуҳазор нафар, аз таҳдиди худ барои саркуб кардани эътирозот ақиб кашид.

Бо ин ҳол рӯзномаи Ҳаартс гузориш дода то кунун беш аз 6 ҳазор эътирозгар ба тарҳи ишғоли Каронаи Бохтарӣ дар хиёбонҳои Тел-Авив ва майдони Робин ҷамъ шуда ва ин бузургтарин тазоҳурот аз замони оғози ҳамагирии корона аст.

Ба навиштаи расонаҳои саҳюнистӣ, ду ҳизби "сиёсии сотсиал демократик" ва "ҷабҳаи демократик барои сулҳ" ин эътирозотро созмондиҳӣ кардаанд. Нитсан Ҳурувитз- раиси "Ҳизби сиёсии сотсиал демократик" дар ҷамъи тазоҳуроткунандагон гуфт, ки тарҳи ишғол, ҷинояти ҷангӣ аст ва барои Исроил ҳазинае чандин миллион шикилӣ (воҳиди пули ин режим) дар пай хоҳад дошт.

Таймз Исроил ба нақл аз Ҳурувитз навишт: Мо наметавонем ишғолгаре чанддаҳсоларо бо як апартайд ҷойгузин кунем, ки барои ҳамеша ба тӯл меанҷомад. Бале ба ду давлат барои ду миллат, на ба хушунат ва хунрезӣ. На ба ишғол, бале ба сулҳ.

Вай бо интиқод аз тағйири мавзеи Бени Гантз- вазири ҷанг ва Габи Ишкнозӣ- вазири умури хориҷаи режими саҳюнистӣ дар бораи эътилоф накардан бо Бенямин Натанияҳу гуфт: Онҳо дастҳои худро ба нишонаи таслим боло бурданд ва ба самти дигар (Натанияҳу) хезиданд.