Июн 15, 2020 14:55 Asia/Dushanbe
  • Ҷузъиёти нав аз ҷинояти ДОИШ дар пойгоҳи Спайкири Ироқ

Дар шашумин солгарди қатли оми ҳазору 700 донишҷӯи низомии ироқӣ ба дасти террористҳои ДОИШ дар пойгоҳи Спайкир, як коршиноси ироқӣ аз ҷузъиёти ин ҷиноят парда бардошт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, террористҳои ДОИШ аз 12 то 15 июни 2014 бо ҳамкории бархе аз ашоири минтақа дар вилояти Салоҳиддини Ироқ як ҳазору 700 донишҷӯи шиаи донишкадаи низомии Спайкири Ироқро бо тирпаронӣ ба қатл расонданд ва ҳануз ҳар аз гоҳ ҷанозаи бархе қурбониён дар рӯди Диҷла пайдо мешавад.

Ҳишом Ал-Ҳошимӣ- коршиноси масоили созмонҳои террористӣ дар солгарди ҷинояти  ДОИШ дар пойгоҳи Спайкири Ироқ дар саҳифаи Фейсбуки худ навишт, ки бо се тан аз фармондеҳони вақти  ДОИШ, ки ҳамакнун дар зиндон ҳастанд  дар бораи ин ҷинояти даҳшатнок ба гуфтугӯ нишастааст.

Абузайд Ал-Ироқӣ аз фармондеҳони вақти ДОИШ ба Ал-Ҳошимӣ гуфтааст, ки дастури куштори Спайкирро фармондеҳе ба номи Абумуслим Алтуркамонӣ маъруф ба Абумуътаз Ал-Қураши содир кард ва 150  то  200  террористи  доишӣ низ дастури вайро иҷро карданд.

Ба гуфтаи ин фармондеҳи собиқи ДОИШ, иҷрокунандагони дастури қатли ом афроде буданд, ки решаи қабилаӣ надошта ва ба шиддат аз маълумоти динӣ бебаҳра буданд. Онон имони заифе доштанд ва сирфан аз рӯи суханрониҳои раҳбарони ДОИШ, буғзу кинаи аҷибе нисбат ба шиаён пайдо карда буданд.

Абдуносир Қардош дигар террористи  доишие, ки аз гузинаҳои ҷонишинии Абубакр Албағдодӣ низ буда ҳамчун Абузайд Ал-Ироқӣ, Алтуркамониро масъули куштори Спайкир дониста ва гуфтааст: Абумуслим Алтуркамонӣ дар Раққаи Сурия ба ман гуфт пас аз тасаллут бар вилояти Найнаво, ҳеҷ амалиёте ҳамчун Спайкир натавонист муҷиби руъб ва ваҳшат шавад  ба тавре, ки пас аз он шаҳрҳо ва рустоҳо яке пас аз дигарӣ ба дасти теъдоди ночизе аз неруҳо суқут мекард.

Муҳаммадалӣ Соҷит аз афроди бисёр наздик ба Абубакр Албағдодӣ ва муншии вай низ, ки акнун зиндонӣ аст ба Ҳишом Ал-Ҳошимӣ гуфтааст куштори Спайкир дар назди Албғдодӣ ба маънои эҷоди тарсу ваҳшате буд, ки барои расидани  ДОИШ ба Бағдод лозим буд ва Албғдодӣ ба иҷрои  чунин  ҷиноятҳои ҳавлноке тамоюл дошт.

 

Барчасп