Июн 15, 2020 19:30 Asia/Dushanbe
  • Ифшогарӣ дар бораи шиканҷагоҳи Риёз дар шарқи Яман

Ифшогари маъруфи Саудӣ аз зиндоне дар шарқи Яман хабар дод, ки таҳти назорати созмонҳои ҳуқуқи башар қарор надорад ва Арабистони Саудӣ боздоштшудагонро дар зиндон шиканҷа медиҳад.

Ба гузориши радиои Садои Хуросон ба нақл аз Форс, ифшогари маъруфи Саудӣ Муҷтаҳид, дар саҳифаи  Твиттераш як зиндоне дар шаҳри Ҳадрамавут дар шарқи Яман хабар дод, ки артиши Саудӣ идора мекунад ва эълон кардааст, ки алайҳи боздоштшудагони яман қонуншиканиҳои васеъ иҷро мешавад.

Вай зимни интишори як гузориш навишт: гузорише аз боздоштиҳои собиқ дар зиндоне, ки неруҳои Саудӣ дар Яман онро идора мекунанд ба дасти ман расидааст, ки дар нукоти зер хулоса мешавад:

Махфӣ нигоҳ доштани вуҷуди ин зиндон ва иттифоқоти дохили он.

Таваҷҷуҳи боздошт ва шеваи боздошт, нақзи ҳуқуқи инсонӣ аст.

Шароити зиндон ва хадамоти он муносиби ҳайвонот ҳам нест.

Зиндон таҳти назорати қазоии Саудӣ, Яманӣ ё назорати байналмилалӣ нест.

Муҷтаҳид идома дод: "Садҳо ва чи басо ҳазорон нафар дар ин зиндон боздошт ҳастанд ва теъдоде аз онҳо зери шиканҷа фавтиданд ва теъдоди дигар низ дучори маълулият шудаанд. Аксарияти боздоштагон аз наздикони ашхосе ҳастанд, ки ба у машкук шудаанд. Касоне, ки ин гузоришро расондаанд аз созмонҳои ҳуқуқӣ ва порлумонҳои ҷаҳон ва додгоҳҳои байналмилалӣ мехоҳанд, артиши Саудиро ба тан додан ба назорати байналмилалӣ ворид кунанд.