Июн 29, 2020 19:35 Asia/Dushanbe
  • Ҳаҷҷи имсола махсуси  сокинони Арабистони Саудӣ шуд

Арабистони Саудӣ эълон кард фақат сокинони ин кишвар метавонанд дар маросими Ҳаҷҷи имсола ширкат кунанд.

Ба гузориши радиои Садои Хуросон, пас аз чанд моҳи сардаргумӣ билохира мақомоти Саудӣ аз назари ниҳоии худро дар бораи чигунагии баргузории маросими Ҳаҷҷи имсола эълон кард.

Бар ин асос дар маросими Ҳаҷҷи соли 1441 қамарӣ фақат сокинони Арабистон ҳаққи ширкат доранд.

Ин тасмимгирӣ шомили ҳамаи миллиятҳо ва тобеиятҳои муқими Арабистон мешавад.

Пас аз шурӯъи корона Арабистон маҳдудиятҳои бесобиқае барои зоирони Хонаи худо дар назар гирифт ба тавре, ки дар баъзе рӯзҳо теъдоди ангуштшуморе дар Масҷидул Ҳаром ҳузур доштанд.