Июл 01, 2020 18:37 Asia/Dushanbe
  • Ҳузури беш аз се ҳазор низомии Туркия дар хоки Ироқ

Узви Иттиҳодияи меҳании Курдистони Ироқ аз мушорикати беш аз се ҳазор низомии Туркия дар амалиёти низомӣ дар шимоли Ироқ хабар дод.

Ғиёс Ассурҷи, узви Иттиҳодияи меҳании Курдистони Ироқ бо ишора ба мушорикати беш аз се ҳазор низомии Туркия дар амалиётҳои низомӣ дар шимоли Ироқ гуфт, ки Туркия шумори нерӯҳо ва таҷҳизоти худро дар пойгоҳҳои ин кишвар дар шимоли Ироқ аз замони оғози амалиётҳо дубаробар кардааст.

Ассурҷи афзуд: ки иттилооти мавҷуд нишон медиҳад, ки беш аз се ҳазор низомии Туркия дар амалиёти низомӣ барои таъқиби афроди ПКК дар шимоли Ироқ мушорикат доранд.

Вай афзуд, ки пойгоҳҳои низомии Туркия шоҳиди афзоиши маҳсуси низомиёни ин кишвар буда ва силоҳҳову таҷҳизоти бештаре дар манотиқи кӯҳистонӣ мустақар шудаанд ва илова бар он, ҳавопаймоҳои ҷангӣ ва паҳподи Туркия ба ҳадаф қарор додани мавозеи ПКК идома медиҳанд.

Ин узви Иттиҳодияи меҳании Курдистони Ироқ ҳамчунин гуфт, ки вокунишҳои Бағдод ба нақзи ҳокимияти Ироқ ва мамониат аз аносири АКК ночиз аст ва бо мизони нуфузи Туркия ва талафоти инсонӣ дар Ироқ, дар натиҷа даргириҳои ду тараф баробарӣ намекунад.