Октябр 06, 2016 12:12 Asia/Dushanbe
  • Ҷангандаҳои Амрико 60 ғайринизомиро дар Ҳалаби Сурия куштанд

Ҷангандаҳои эътилофи Амрико, ки ба баҳонаи мубориза бо гурӯҳи террористии ДИИШ дар Сурия ташкил шуд, шумори зиёде аз афроди ғайрнизомиро аз пой даровардааст.

Хабаргузории "Спутник" гузориш дод, ки дар ҷараёни ин ҳамалот дастикам 60 нафар, аз ҷумла чанд кӯдак кушта шуданд.

Илова бар ин афрод, шумори зиёде аз ғайринизомёни сурӣ низ захмӣ шуданд, ки вазъияти бисёре аз онон вахим аст ва мумкин аст, теъдоди афроди кушта шуда афзоиш ёбад.

Манобеи маҳаллии ҳозир дар ин ҳодиса эълом карданд, ки бомбаборони манозили маскунӣ, хисороти бисёре бар ҷой гузоштааст. Афроди ғайринизомии ҳозир дар манотиқи мухталифе аз шимолу шарқа Ҳалаб ба хотири фирор аз дасти ДИИШ ба ин минтақа паноҳ оварда буданд, ки ин бор ҷангандаҳои Амрико ҷони ононро гирифт.

Дар ҳамин росто, гурӯҳи мавсум ба «Дидабони ҳуқуқи башари Сурия» чанди пеш эълом кард, ки эътилофи Амрико дар Манбиҷи устони Ҳалаб куштори бузурге анҷом дод, ки бар асари он 56 ғайринизомӣ кушта шуда, ки дар миёни афроди кушта шуда, 11 кӯдак низ ҳузур доштанд.

Як рӯз баъд аз ин ҷинояти ҳавлнок, ҷангандаҳои эътилоф рустое дар шимоли Манбиҷро бомбаборон карданд, ки дар пайи он, 8 ғайринизомии дигар низ ҷони худро аз даст доданд. Ба гуфтаи манобеи маҳаллӣ, ин афроди ғайринизомӣ қасди фирор аз ин минтақаро доштанд.

Ба гузориши ин гурӯҳ, аз оғози ҳамалоти ҳавоии эътилофи Амрико дар сентябри 2014, то кунун дастикам 600 ғайринизомӣ бар асари ин ҳамалот кушта шудаанд.