Сарвазири Фаластин: Исроил ба таъсиси пойгоҳҳои зидди-корона монеъ мешавад
(last modified Mon, 06 Jul 2020 15:45:39 GMT )
Июл 06, 2020 20:45 Asia/Dushanbe
  • Сарвазири Фаластин: Исроил ба таъсиси пойгоҳҳои зидди-корона монеъ мешавад

Сарвазири Фаластин эълом кард, ки режими саҳюнистӣ ба нерӯҳои амниятии Фаластин иҷозаи эҷоди пойгоҳҳои низомӣ бо ҳадафи пешгирӣ аз шуюи коронаро надодааст.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросони Разавӣ ба нақл аз Исна Муҳаммад Эштӣ дар як суханронӣ дар ҷаласаи ҳафтаи ҳукумат гуфт: Назорат накардани гузаргоҳҳо ва марзҳо ба паҳншавии корона таъсири зиёд расонид..
 Вай хотирнишон кард : арозии мо чанд бахш шудаасту дар атрофи Қудс як девори ҳоил вуҷуд дорад, ки ба мо иҷозаи фаъолият дар он дода намешавад .
 Эштӣ аз давлати режими саҳюнистӣ хост то тамоми гузаргоҳҳоро бибандад .
 Вай дар ин хусус гуфт : Мо дархостеро ба Созмони Милал барои назорат бар марзҳо бо Исроил мефиристем.
 Аштия афзуд, ки Фаластин шоҳиди сабти бесобиқаи мавориди ибтило ба корона асту 80 дарсад аз ибтилоҳо ба далел коргароне аст,  ки аз арозии 48 ( арозии ишғолии Исроил ) бозме‌гарданд .