Намояндагони ироқӣ: Бояд дастури қазоии байналмилалии зидди давлати Амрико содир шавад
Шуморе аз намояндагони ироқӣ судури дастури қазоии байналмилалии зидди давлати Амрикоро, ба далели террори шаҳидон, Абӯлмаҳдӣ Алмуҳандис ва сардор сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ хостор шуданд.
Ба гузориши пойгоҳи хабарии "Алмаълума", намояндагони ироқӣ имрӯз, якшанбе дар баёнияе, сукут дар баробари ҷиноёти Амрикроро хиёнат донистанд ва аз давлати Ироқ хостанд, мавзее шуҷоона дар қиболи нақзи ҳокимияти ин кишвар иттихоз кунад.
Ин намояндагони ироқӣ ҳамчунин судури дастури қазоии байналмилалӣ барои дастгир кардани Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрикоро хостор шуданд.
Эътилофи "Алфатҳ" дар Парлумони Ироқ низ рӯзи гузашта (шанбе), таи баёнияе аз давлати Ироқ хост, дар ироаи шикояти расмӣ ба СММ дар бораи террори Абӯлмаҳдӣ Алмуҳандис, ноиби раиси шаҳиди созмони "Ҳашдушшаъбӣ" -и Ироқ тасреъ кунад.