Июл 13, 2020 19:39 Asia/Dushanbe
  • Ибрози тамоюли нависандаи саудӣ барои сафар ба Исроил

Нависандаи саудӣ барои сафар ба Исроил ибрози тамоюл кард.

Дар ҳоле, ки саудиҳо барои ҳимоят ва ибрози алоқа ба душманони уммати ислом ва араб аз якдигар пешӣ мегиранд ин бор нависандаи ҷанҷолии арабистонӣ ба ин гурӯҳ хоинин пайваста ва тамоюли худро нисбат ба сафар ба арозии ишғолие, ки мақсуди вай «Исроил» буда, на Фаластин иброз мекунад. 
 
 Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросони Разавӣ  ба нақл аз Исна, Саъд Ал-Фузон, нависандаи саудӣ дар сафҳаи корбарии худ дар Твиттер навишт: ман орзу дорам ба Телавив сафар кунам ва агар аз ман даъвате шавад, бетардид онро хоҳам пазируфт. 
 
 Ин нависандаи саудӣ як моҳ пеш дар Твитти дигаре муддаӣ шуда буд: «масеҳият бештар аз ислом нисбат ба ҳуқуқи занон адолат дорад.» 
 
 Ин Твитти нависандаи Арабистон дар он замон мавҷе аз баҳс ва ҷадалҳоро ба ҳамроҳ дошт. 
 
 Ал-Фузон тайи солҳои ахир ба дифоъ аз саҳюнистҳо мепардозад ва пушаймонии худро нисбат ба душманиаш бо саҳюнистҳо иброз кард.