20 кушта дар ҳамлаи ҳавоии ҷангандаҳои эътилофи Амрико ба Ироқ
(last modified Thu, 06 Oct 2016 09:24:37 GMT )
Октябр 06, 2016 14:24 Asia/Dushanbe
  • 20 кушта дар ҳамлаи ҳавоии ҷангандаҳои эътилофи Амрико ба Ироқ

Дар ҳамлаи ҳавоии ҷангандаҳои эътилофи Амрико ба Ироқ, 20 тан аз нерӯҳои Кумитаи ашоирӣ, ки дар мубориза бо гурӯҳи террористии ДИИШ пуштибони артиши Ироқ ҳастанд, кушта шудаанд.

Бар асоси гузоришҳо, ин ҳамла дар наздики шаҳри Мӯсил, маркази устони Найнаво, сурат гирифтааст ва дар пайи он, панҷ нерӯи кумитаи ашоирӣ низ захмӣ шуданд.

Сойти "Шафақ нюс"-и Ироқ, навишт, як хона дар рустое дар мантиқаи Қайёра дар ҷануби Мӯсил, ки мақари ин нерӯҳо буд ҳадафи ин ҳамлаи ҳавоӣ қарор гирифтааст.

Ҷангандҳ‎ҳои Амрико ва кишварҳои узви эътилофе, ки бо унвон «зидди ДИИШ» ва таҳти фармондеҳии Амрико фаъолият ме‎кунанд, аз тобистони соли 1393 Ироқ ва Сурияро ҳадафи ҳамалоти ҳавоии худ қарор медиҳанд,  аммо ба муваффақияти чашмгире алайҳи ДИИШ даст наёфтаанд.

Ин эътилоф аз сентябри 2014 (тобистон 1393) бидуни муҷаввизи давлати Димишқ ё Созмон милал ва ба баҳонаи мубориза алайҳи террористҳом ДИИШ ҳамалоти ҳавоии худ ба Сурияро оғоз кардааст.

Эътилофи таҳти раҳбари Амрико, ки токунун борҳо ба куштори ғайринизомён дар ҳамалоти ҳавоии худ муттаҳам шудааст, таъсири қобил тавҷҷуҳе дар мутаваққиф кардани пешравиҳои гурӯҳи террористии ДИИШ дар Сурия ва Ироқ надоштааст.