Едиот Ахронот: Натанияҳу аз корона хатарноктар аст
Рӯзномаи саҳюнистии Едиот Ахронот бо интишори як мақолаи интиқодӣ алайҳи Бенямин Натанияҳу- нахуствазири режими саҳюнистӣ, вайро хатарноктар аз корона тавсиф кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, рӯзномаи саҳюнистии Едиот Ахронот дар мақолае, ки имрӯз шанбе мунташир шуд, зимни интиқод аз амалкарди заифи кабинаи Бенямин Натанияҳу дар муқобила бо буҳрони вируси корона навишт: Мақомоти саҳюнистӣ дар ҳалли парвандаи буҳрони корона шикаст хурдаанд.
Едиот Ахронот аз интисоби афроде бидуни доштани илми пизишкӣ дар Вазорати беҳдошти режими Исроил интиқод кард ва навишт: Густариши вируси корона нишон дод Бенямин Натанияҳу вируси хатарноктар аз корона барои исроилиҳо аст.
Дар идомаи ин гузориш омадааст: Дар ҳоле, ки саҳюнистҳо бо буҳрони иқтисодии шадид рӯбарӯ ҳастанд, Натанияҳу ба думболи пардохти ҳазинаҳои бисёр зиёд барои дифоъ аз парвандаи фасоди молии худ аст.
Ҳазорон нафар аз сокинони Қудси ишғолӣ ҷумъашаб бо ҷамъ шудан муқобили манзили шахсии Бенямин Натанияҳу- нахуствазири режими саҳюунистӣ ба шароити бади иқтисодии бархоста аз густариши корона ва идомаи ҳузури Натанияҳу дар қудрат бо вуҷуди доштани парвандаҳои гуногуни фасоди молӣ эътироз карданд.