Июл 21, 2020 18:30 Asia/Dushanbe
  • Боздошти

Вазорати кишвари Ироқ рӯзи сешанбе аз боздошти се нафар аз аносири муҳими гурӯҳи террористии ДИИШ дар шимоли ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садоии Хуросон ба нақл аз пойгоҳи хабарии Бағдод     Ал-явм, вазорати кишвари Ироқ  рӯзи сешанбе бо интишори баёнияе эълом кард пас аз 72 соати таъқиб ва ҳамоҳангӣ бо нерӯҳои ҳозир дар устони Сулаймония ( шимоли Ироқ ) тавонист як террористи муҳимро дар шаҳри Сулаймония боздошт кунад .
Дар ин баёния омада аст : дар бозҷӯиҳои аввалия мушаххас шуд, ки ин фард , вобаста ба ДИИШ аст ва « масъули шаръӣ » ДИИШ дар шаҳри Тузхурмоту Tuz Khurmatu остони Салоҳиддин будааст .
Бар асоси ин баёния , нерӯҳои иттилоотии Ироқ ҳамчунин ду террористи ДИИШ -и дигарро дар Ал-Шарқот дар остони Салоҳиддин дар шимоли Ироқ боздошт карданд, ки муовинони террорист ёд шуда буданд .

Барчасп