Июл 22, 2020 13:31 Asia/Dushanbe
  • Дафъи ҳамлаҳои аносури доишӣ ба артиши Сурия дар Раққа

Шуморе аз аносури террористии ДОИШ дар 30 километрии ҷануби Раққа қасд доштанд ба мавозеи артиши Сурия ҳамла кунанд, ки ноком монданд ва шуморе аз онон кушта ва захмӣ шуданд.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз Форс, ин даргириҳо дар саҳрои Раққа ба шиддат сурат гирифт ва ҳамзамон бо он, ҷангандаҳои сурӣ низ масири имдодрасонии террористҳо ва таҳаррукоти онон дар ин минтақаро ҳадаф қарор доданд.

Ин манбаъ таъкид кард, чанд даста аз аносури ДОИШ қасд доштанд дар саҳрои «Алрассофа» воқеъ дар 30 километрии ҷануби Раққа ба мавзеъҳои артиши Сурия ҳамла кунанд, ки неруҳои шиносоии сурӣ, талоши ин аносур барои нуфуз ба минтақаро расад карданд.

Вай тасреҳ кард, пас аз шиносоии таҳаррукоти террористҳо ва ҳамлаҳои ҳавоӣ, худравҳои аносури ДОИШ нобуд ва шуморе аз онон кушта ва захмӣ шуданд.

Ба гуфтаи ин манбаъ, аносури мусаллаҳи ДОИШ ҳамеша дар ҳоли ҷобаҷоӣ дар саҳроҳои Раққа ва Дируззур (шарқи Сурия) ҳастанд ва барои сирқат, ба ғайринизомиён ҳамла мекунанд то битавонанд манбаъҳои молии худро таъмин кунанд.

Артиши Сурия дар бурҳаи ахир, поксозии комили саҳрои шарқи Ҳамоҳро дар дастури кор қарор дода, ки аз назари ҷуғрофиёӣ ба саҳроҳои Ҳамас ва Раққа муттасил аст.