Июл 25, 2020 14:51 Asia/Dushanbe
  • Ҳамалоти тӯпхонаии артиши Туркия ба шимоли шарқи Сурия

Тӯпхонаҳои артиши Туркия устони Ҳасака дар шимоли шарқи Сурияро ҳадаф қарор доданд.

Нерӯҳои артиши Туркия бо гулӯлаҳои тӯпхонаӣ минтақаи Абу Росин дар устони Ҳасакаи Сурияро ҳадаф қарор доданд, ки боиси тахриби манозили ин минтақа шудааст.

Аз талафоти эҳтимолии ин ҳамлаи тӯпхонаӣ гузорише мунташир нашудааст.

Артиши Турки ба баҳонаи мубориза бо террористҳо бахше аз манотиқи Сурияро ишғол кардааст.