Июл 26, 2020 17:27 Asia/Dushanbe
  • Боздошти ғайринизомиён дар шарқи Сурия тавассути эътилофи амрикоӣ

Маркази мавсум ба дидбони ҳуқуқи башари Сурия, аз боздошти сокинони ва оворагони манотиқи атрофи пойгоҳи низомии "Алҷазира", шарқи Сурия тавассути низомиёни эътилофи байналмилалии Амрико ва шибҳи низомиёни курд хабар дод.

Дидони ҳуқуқи башари Сурия рӯзи якшанбе дар гузорише эълом кард, эътилофи байналмилалии Амрико илова бар боздошти сокинони шарқи Сурия, иқдом ба эъзоми нерӯ ба пойгоҳи "Алҷазира" кардааст.

Бархе манобеъ низ эълом карданд, амркоиҳо қасд доранд бори дигар дар пойгоҳи "Алҷазира" мустақар шаванд, тот нуфузи худро дар манотиқи шарқии Фурот тасбит кунанд.

Таи моҳҳои гузашта шибҳи низомиёни нерӯҳои демократии Сурия, бо ҳузури ътилофи амрикоӣ чанд амалиёт ва боздоштҳои густурда дар шарқи Сурия анҷом доданд ва шуморе аз сокинони ин манотиқро боздошт карданд.

 

Барчасп