Июл 27, 2020 08:44 Asia/Dushanbe

Имсол бо таваҷҷуҳ ба густариши вируси корона дар ҷаҳон, ҳудуди ҳазор нафар аз шаҳрвандон ва хориҷиёни муқими Арабистони саудӣ барои баргузории маносики ҳаҷ вориди Маккаи мукаррама мешаванд.

Ба гуфтаи мақомҳои саудӣ, ҳаҷгузорони имсол камтар аз 65 сол син доранд ва аз ҳеҷ бемории музмине ранҷ намебаранд.

Ҳамчунин қабл аз расидан ба маконҳои муқаддас аз онон тести корона гирифта мешавад ва пас аз поён ёфтани маросим ҳам ба муддати ду ҳафта карантин хоҳанд шуд.