Июл 29, 2020 19:03 Asia/Dushanbe
  • Ҳароси Тел-Авив аз қудрат ва тавони таслиҳотии Ҷиҳоди исломии Фаластин

Телевизиони режими саҳюнистӣ дар гузориши ихтисосӣ ба тавоноиҳои таслиҳотӣ ва ақидаи росихи Ҷиҳоди исломӣ барои адами созиш бо ин режим пардохт ва аз он ибрози нигаронӣ кард.

Меҳмонҳои ин барнома муддаӣ шуданд, ки Ҷиҳоди исломӣ бо Ҳизбуллоҳ иттиҳоде бар пояи ақида эҷод кардаанд.  Эрон ба Ҷиҳоди исломӣ “силоҳи нуқтазан ва мушаки дурбурд” медиҳад ва Фатҳ Шиқоқӣ, дабири кулли шаҳиди Ҷиҳоди исломӣ тафаккури ҷиҳодро аз инқилоби исломии Эрон дар соли 1979 гирифтааст ва сарони Ҷиҳоди исломӣ аз он замон то кунун равобити хубе бо низоми Эрон доранд.

Коршиносони ширкаткунанда дар ин барнома дар идома иддао карданд, аз замоне, ки “Зиёд Аннахола, дабири куллии Ҷиҳоди исломиро бар ӯҳда гирифта, ин ҷунбиш ҷасуртар ва хатарноктар шудааст.

Ове Дихтер, раиси пешини “ШинБат” дар ин барнома муддаӣ шуд: “Зарродхонаи Ҳамос дар солҳои ахир тақвият шуда, аммо Ҷиҳоди исломӣ силоҳҳои воқеан пешрафтае дарёфт карда, ки хатари тактикӣ барои Исроил ҳастанд. Зеро Ҷиҳоди исломӣ бар хилофи Ҳамос созмони ҷиҳодӣ аст, ки мсъули аҳолии навори Ғазза ва маишати онҳо нест, бинобарин даст ба иқдомоти низомии ҷасурона алайҳи аҳдофи исроилӣ мезанад. Ин ҷунбиш “фарзанди нохалаф” аст ва ба чолиши бузург барои Исроил табдил шудааст. Афроди он ба шаҳодат ё ҳамон марг монанди як қаҳрамон эътиқод доранд”.

Дар идома муҷрии барнома муддаӣ шуд, зарродхонаи силоҳи Ҷиҳоди исломӣ аз назари теъдоди мушак, диққат ва анвои он мофавқи зарродхонаи низомии Ҳамос аст.

Меҳмони барномаи мазкур сипас эълом кард, Ҷиҳоди исломӣ бар хилофи Ҳамос, музокирот бо режими саҳюнистӣ, ҳатто аз тариқи тарафи севумро рад мекунад ва эътиқод дорад ҷиҳод танҳо роҳи пирӯзӣ бар режими саҳюнистӣ ва пок кардани он аз нақша аст.