Август 11, 2020 12:00 Asia/Dushanbe
  • Мавзеъҳои террористҳои амрикоӣ дар марзи Ироқ ва Кувейт ҳадаф қарор гирифт

Расонаҳои хабарӣ бомдоди сешанбе аз вуқуи чанд таркиш дар наздикии гузаргоҳи марзии "Ҷаришон" байни Ироқ ва Кувейт хабар доданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Тасним, расонаҳои хабарӣ эълом карданд, ин таркишҳо бархоста аз ҳадаф қарор гирифтани пойгоҳ ва корвони низомиёни террористи амрикоӣ дар наздикии ин гузаргоҳи марзӣ будааст.

Ҳануз аз хисорот ва талафоти эҳтимолии ин таркишҳо гузорише мунташир нашудааст.

Гурӯҳи Муқовимати ироқии "Асҳобулкаҳф" дар баёнияе масъулияти ин ҳамларо бар уҳда гирифт.

Сафорати Амрико дар Бағдод ва пойгоҳҳои низомиёни террористи амрикоӣ дар Ироқ аз ҷумла пойгоҳҳои "Алтоҷӣ" ва "Албалад" низ дар моҳҳои ахир чандин бор ҳадафи ҳамлаҳои ракетӣ қарор гирифтаанд.

Бисёре аз мардум ва гурӯҳҳои ироқӣ хоҳони хуруҷи неруҳои террористи амрикоӣ аз Ироқ ҳастанд ва парлумони ин кишвар низ тарҳе дар бораи хуруҷи ин неруҳо тасвиб кардааст.

 

 

Барчасп