Вокуниши аҷиби Шӯрои Ҳамкории Халиҷи Форс ба мавозеи Эрон алайҳи Аморот
Шӯрои Ҳамкории Халиҷи Форс ба думболи ҳимояти қотеъи Ҷумҳурии Исломии Эрон аз мардуми мазлуми Фаластин ва маҳкум кардани тавофуқи Амороти Муттаҳидаи Араб бо режими саҳюнистӣ барои оддисозии равобит, дар ҳимоят аз Абу-Дабӣ баёния содир кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ирна, дабири кулли Шӯрои Ҳамкории Халиҷи Форс дар ин баёния муддаӣ шуд: мавозеи ахири Эрон алайҳи Аморот боиси ташдиди бесуботӣ ва ноамнӣ дар Халиҷи Форс мешавад ва бо урфи дипломоси дар мағоират аст.
Ин иқдоми Шӯрои Ҳамкории Халиҷ Форс дар ҳоле аст, ки аз кишварҳои арабии узви ин шӯро интизор меравад ҳимоят аз ормони исломиӣ- арабии Фаластинро дар аввлавияти сиёсатҳои худ .қарор диҳанд.
Дар пай талошҳои «Доналд Трамп» Раиси Ҷумҳурии Амрико барои тасҳили раванди оддисозии равобити байни Аморот ва режими саҳюнистӣ, панҷшанбеи гузашта Абу-Даби ва Телавив дар тавофуқномае бар сари оддисозии комили равобити дипломатӣ ба тавофуқ расиданд.
Тавофуқи Исроил ва Аморот, мавҷе аз эътирозоти густурдаро аз сӯи гурӯҳҳои фаластинӣ, бархе кишварҳои минтақа ва шуморе аз шахсиятҳои сиёсии ҷаҳон дар пай доштааст ва тақрибан ба иттифоқи ҳамагӣ, ин иқдоми Аморотро хиёнат ба ормонҳои Фаластин арзёбӣ кардаанд.