Август 18, 2020 15:25 Asia/Dushanbe
  • Идомаи ҳамалоти ҷангандаҳои саҳюнистӣ ба Ғазза

Артиши режими саҳюнистӣ бомдоди сешанбе дар идомаи ҳамалоташ ба навори Ғазза бори дигар аҳдоферо дар ҷануби Ғазза бомбаборон кард.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз Исна, дар ин ҳамалот ҷангандаҳои артиши Исроил аҳдофе дар шаҳри Рафаҳ воқеъ дар ҷануби Ғаззаро бомбаборон карданд.

Манобеи фаластинӣ эълом карданд, ки артиши Исроил масоҳатҳое аз заминҳои зироатӣ дар шаҳри Рафаҳ дар ҷануби Ғаззаро бомбаборон кард, ки ин ҳамалот талафоти ҷонӣ ва хасороте надошт.